МУЛОҚОТИ САРОНИ 20 МАМЛАКАТИ ТАРАҚҚИКАРДАИ ҶАҲОН
Питсбург, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар» Лента.ру). – Сарони 20 мамлакати тараққикардаи саноатии ҷаҳон 25 сентябр дар Питсбург паймон карданд, ки аз ҳисоби маблағи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор ба мамлакатҳои рӯ ба инкишоф кӯмаки моддӣ ва нақдӣ расонда шавад. Бо ин мақсад тақрибан се фоизи маблағи Бонки ҷаҳонӣ ва 5 фоизи маблағи Хазинаи байналхалқии асъор ҷудо карда хоҳад шуд. Қарор қабул карда шуд, ки минбаъд мулоқоти сарони 20 мамлакати калонтарин ва пешрафтаи ҷаҳон на ду маротиба дар як сол, балки ҳар сол як маротиба гузаронида шавад. Мулоқоти навбатии сарони ин давлатҳо моҳи июни соли 2010 дар Канада, моҳи ноябри ҳамон сол дар Куриёи Ҷанубӣ ва соли 2011 дар Фаронса гузаронида мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар ёдовар мешавад, ки ба Гурӯҳи бистгонаи мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон Аргентина, Австралия, Бразилия, Британияи Кабир, Олмон, Ҳиндустон, Индонезия, Италия, Канада, Чин, Мексика, Русия, Арабистони Саудӣ, ИМА, Туркия, Фаронса, Ҷумҳурии Ариқои Ҷанубӣ, Куриёӣ Ҷанубӣ, Ҷопон ва Иттиҳоди Аврупо дохил мешавад. Дар ин мамлакатҳо қариб 90 фоизи Маҳсулоти умумии дохилии ҷаҳон истеҳсол карда мешавад.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






