МУЛОҚОТИ САРОНИ 20 МАМЛАКАТИ ТАРАҚҚИКАРДАИ ҶАҲОН

Сентябрь 26, 2009 11:10

                 Питсбург, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар» Лента.ру). – Сарони 20 мамлакати тараққикардаи саноатии ҷаҳон 25 сентябр дар Питсбург паймон карданд, ки аз ҳисоби маблағи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор ба мамлакатҳои рӯ ба инкишоф кӯмаки моддӣ ва нақдӣ расонда шавад.                  Бо ин мақсад тақрибан се фоизи маблағи Бонки ҷаҳонӣ ва 5 фоизи маблағи Хазинаи байналхалқии асъор ҷудо карда хоҳад шуд.                  Қарор қабул карда шуд, ки минбаъд мулоқоти сарони 20 мамлакати калонтарин ва пешрафтаи ҷаҳон на ду маротиба дар як сол, балки ҳар сол як маротиба гузаронида шавад. Мулоқоти навбатии сарони ин давлатҳо моҳи июни соли 2010 дар Канада, моҳи ноябри ҳамон сол дар Куриёи Ҷанубӣ ва соли 2011 дар Фаронса гузаронида мешавад.                   Мухбири АМИТ «Ховар ёдовар мешавад, ки ба Гурӯҳи бистгонаи мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон Аргентина, Австралия, Бразилия, Британияи Кабир, Олмон, Ҳиндустон, Индонезия, Италия, Канада, Чин, Мексика, Русия, Арабистони Саудӣ, ИМА, Туркия, Фаронса, Ҷумҳурии Ариқои Ҷанубӣ, Куриёӣ Ҷанубӣ, Ҷопон ва Иттиҳоди Аврупо дохил мешавад. Дар ин мамлакатҳо қариб 90 фоизи Маҳсулоти умумии дохилии ҷаҳон истеҳсол карда мешавад.

Сентябрь 26, 2009 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид