МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО АКБАР ТУРСУН

Сентябрь 25, 2009 08:17

                 Дар сӯҳбат бо олими намоёни тоҷик Акбар Турсун, ки чандин сол боз дар Амрико кору зиндагӣ дорад, оид ба рушди имрӯза ва дурнамои илму фарҳанг дар Тоҷикистон ва тарғибу ташвиқи арзишҳои олии тамаддуни тоҷикон дар ҷаҳон гуфтугӯйи пурмӯҳтаво сурат гирифт.                  Акбар Турсун аз шунидани суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва лафзи ширини тоҷикӣ аз минбари олии Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид изҳори сарфарозӣ намуда,         Сарвари давлатро бо комёбиҳои намоён дар татбиқи сиёсати дохилию хориҷӣ ва шиносондани шоистаи Тоҷикистон ба ҷаҳониён табрику таҳният гуфт.                  Акбар Турсун ҳамчунин изҳор дошт, ки таассуроти неки имрӯз бардоштааш ба ӯ нерӯю тавони тоза ва илҳоми бештари эҷодӣ хоҳад бахшид.                  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ӯро ба ҳамкории бештар бо олимони дигари тоҷик ва иштироки фаъол дар ҳамоишҳои илмию фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла чорабиниҳое, ки бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати мамлакат ба роҳ монда мешаванд, даъват намуд.Ҳамин гуна сӯҳбати озоду ошкоро ва самимию дилнишин ҳамчунин миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва як гурӯҳ ҳамватанони мо, ки дар Амрико кору зиндагӣ мекунанд, сурат гирифт.                   Хотиррасон бояд намуд, ки ҳамаи онҳо, олими маъруфи тоҷик Акбар Турсун ва беш аз 50 нафар ҳамватанони мо зимни суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба толори Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид даъват шуда буданд.                   Онҳо низ аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон, ки бо забони ноби тоҷикӣ сурат гирифт ва аз андешаю пешниҳодҳои дастгириёфтаи ӯ изҳори хушнудию сарфарозӣ намуданд.                    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамватанони муқими Амрико оид ба таҳкими робитаҳо миёни онҳо ва Тоҷикистон ва намояндагии шоиста аз Ватани азизи худ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Сентябрь 25, 2009 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст