МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО АКБАР ТУРСУН
Дар сӯҳбат бо олими намоёни тоҷик Акбар Турсун, ки чандин сол боз дар Амрико кору зиндагӣ дорад, оид ба рушди имрӯза ва дурнамои илму фарҳанг дар Тоҷикистон ва тарғибу ташвиқи арзишҳои олии тамаддуни тоҷикон дар ҷаҳон гуфтугӯйи пурмӯҳтаво сурат гирифт. Акбар Турсун аз шунидани суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва лафзи ширини тоҷикӣ аз минбари олии Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид изҳори сарфарозӣ намуда, Сарвари давлатро бо комёбиҳои намоён дар татбиқи сиёсати дохилию хориҷӣ ва шиносондани шоистаи Тоҷикистон ба ҷаҳониён табрику таҳният гуфт. Акбар Турсун ҳамчунин изҳор дошт, ки таассуроти неки имрӯз бардоштааш ба ӯ нерӯю тавони тоза ва илҳоми бештари эҷодӣ хоҳад бахшид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ӯро ба ҳамкории бештар бо олимони дигари тоҷик ва иштироки фаъол дар ҳамоишҳои илмию фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла чорабиниҳое, ки бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати мамлакат ба роҳ монда мешаванд, даъват намуд.Ҳамин гуна сӯҳбати озоду ошкоро ва самимию дилнишин ҳамчунин миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва як гурӯҳ ҳамватанони мо, ки дар Амрико кору зиндагӣ мекунанд, сурат гирифт. Хотиррасон бояд намуд, ки ҳамаи онҳо, олими маъруфи тоҷик Акбар Турсун ва беш аз 50 нафар ҳамватанони мо зимни суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба толори Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид даъват шуда буданд. Онҳо низ аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон, ки бо забони ноби тоҷикӣ сурат гирифт ва аз андешаю пешниҳодҳои дастгириёфтаи ӯ изҳори хушнудию сарфарозӣ намуданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамватанони муқими Амрико оид ба таҳкими робитаҳо миёни онҳо ва Тоҷикистон ва намояндагии шоиста аз Ватани азизи худ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






