МУЛОҚОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚАТАР

Сентябрь 24, 2009 18:05

                  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Созмони Милали Муттаҳид бо Амири Давлати Қатар шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ мулоқот намуд.                   Сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ бо ҳамфикрии том муносибатҳои байни худро бародарона арзёбӣ намуда, хислати дарозмӯҳлати шарикӣ гирифтани муносибатҳои Тоҷикистону Қатарро таъкид карданд.                    Эмомалӣ Раҳмон ва шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ оид ба татбиқи амалии санадҳои қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ, ки миёни ду кишвар дар сатҳу зинаҳои гуногун ба имзо расидаанд, гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.                    Эмомалӣ Раҳмон барои такон додани робитаҳои тиҷоративу иқтисодии байни ду кишвар пешниҳод намуд, ки дар Тоҷикистон ҷаласаи аввалини Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ барпо карда шавад.                  Сарони ду давлат аз оғози ҳамкории мушаххас оид ба бунёди як масҷиди бузург, мактаби замонавӣ, меҳмонхона ва биноҳои истиқоматӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди асал, меваю сабзавот ва гӯшту шир дар Тоҷикистон, ки бо сармоягузории ширкатҳои қатарӣ бояд амалӣ шавад, изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон фаъолгардонии хатти мустақими ҳавоии миёни ду кишварро зарур шумурданд.                  Ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, иктишофу истихроҷи канданиҳои фоиданок, туризм, истеҳсоли маводи сохтмонӣ, фаъолияти бонкиву суғуртавӣ низ дорои дурнамои умедбахш маънидод гардид.                   Сарони ду давлат оид ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони Конфронси Исломӣ низ мубодилаи афкор анҷом доданд. Нақшаи соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузоршавии ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии ин созмон, ки дар таърихи Осиёи Марказӣ бори аввал сурат хоҳад гирифт, нишонаи эътирофи баланди Тоҷикистон ва нақши муассири он дар минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ карда шуд.

Сентябрь 24, 2009 18:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд