МУЛОҚОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚАТАР
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Созмони Милали Муттаҳид бо Амири Давлати Қатар шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ мулоқот намуд. Сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ бо ҳамфикрии том муносибатҳои байни худро бародарона арзёбӣ намуда, хислати дарозмӯҳлати шарикӣ гирифтани муносибатҳои Тоҷикистону Қатарро таъкид карданд. Эмомалӣ Раҳмон ва шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ оид ба татбиқи амалии санадҳои қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ, ки миёни ду кишвар дар сатҳу зинаҳои гуногун ба имзо расидаанд, гуфтугӯйи судманд анҷом доданд. Эмомалӣ Раҳмон барои такон додани робитаҳои тиҷоративу иқтисодии байни ду кишвар пешниҳод намуд, ки дар Тоҷикистон ҷаласаи аввалини Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ барпо карда шавад. Сарони ду давлат аз оғози ҳамкории мушаххас оид ба бунёди як масҷиди бузург, мактаби замонавӣ, меҳмонхона ва биноҳои истиқоматӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди асал, меваю сабзавот ва гӯшту шир дар Тоҷикистон, ки бо сармоягузории ширкатҳои қатарӣ бояд амалӣ шавад, изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон фаъолгардонии хатти мустақими ҳавоии миёни ду кишварро зарур шумурданд. Ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, иктишофу истихроҷи канданиҳои фоиданок, туризм, истеҳсоли маводи сохтмонӣ, фаъолияти бонкиву суғуртавӣ низ дорои дурнамои умедбахш маънидод гардид. Сарони ду давлат оид ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони Конфронси Исломӣ низ мубодилаи афкор анҷом доданд. Нақшаи соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузоршавии ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии ин созмон, ки дар таърихи Осиёи Марказӣ бори аввал сурат хоҳад гирифт, нишонаи эътирофи баланди Тоҷикистон ва нақши муассири он дар минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ карда шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






