МУНОҚИШАИ ОИЛАВӢ САБАБИ МАРГ ШУД

Сентябрь 3, 2009 18:02

                Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- Аз рӯи маълумоти омор ҳалокати одамон дар натиҷаи муноқишаи оилавӣ 80%-и ҳамаи ҷиноятҳои марбут ба куштори одамонро ташкил медиҳанд. Шаби 2 сентябр ба шӯъбаи милисаи ноҳияи Мӯъминобод дар бораи куштор хабар доданд. Дар рафти тафтиш маълум гашт, ки дар оилаи Шокировҳо ҷанҷоли оилавӣ барпо гашт, ки дар натиҷа Абдухолиқ Шокирови 30-сола ҳамсараш Гулдаста Асоеви 26-соларо бо корд задааст. Дар натиҷа Г. Асоева дар ҷои воқеа ба ҳалокат расидааст.                Аз дафтари матбуоти ВКД ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки баъди рух додани воқеа, А. Шокиров аз ҷои воқеа гурехта, ғайб задааст. Аз рӯи ин воқеа парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва кормандони милиса А. Шокировро ҷустуҷӯ мекунанд.

Сентябрь 3, 2009 18:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд