МУОВИНИ САРДОРИ ХАДАМОТИ РАЗВЕДКАИ АФҒОНИСТОН КУШТА ШУД

Сентябрь 3, 2009 09:48

                Кобул, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар» — РБК.ру). — Дирӯз як нафар террористи фидоӣ дар шаҳри Меҳтарлом якчанд мошини пур аз маводи таркандаро бо мансабдорони баландпояи ҳукуматӣ тарконд. Дар ин бора Агентии иттилоотии Ассошиэйтед Пресс хабар дод.               Тибқи хабари агентӣ, гурӯҳи мансабдорои ҳукуматӣ барои иштирок дар маросими ифтитоҳи масҷиди нави шаҳр ба Меҳтарлом омад. Қабл аз оғози ҷамъомад ногаҳон таркиши шадид рух дод, ки дар натиҷаи он якчанд мошин ҳамроҳи саворонашон, аз ҷумла, муовини сардори хадамоти миллии амнияти Афғонистон Абдулло Лағмонӣ несту нобуд гардиданд.                Ҷунбиши «Толибон» масъулияти ин амали террористиро ба зиммаи худ гирифт. Аз рӯи хабари политсия, бар асари ин амалиёт 23 нафар ҳалок гардид.                 Инчунин дирӯз шахсони номаълум дар пойтахти Покистон мошини вазири масъалаҳои дини Афғонистон Ҳомид Сайёд Казмиро тирборон карданд. Вазир дар натиҷа сахт маҷрӯҳ шуд. Тафсилоти дигари воқеа хабар дода нашудааст.

Сентябрь 3, 2009 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад