МУШКИЛОТИ ТИББИ ХАЛҚӢ

Сентябрь 25, 2009 10:50

                Душанбе, 25 сентября. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Онҳое, ки гиёҳшиносанд ва тахассуси миёнаи тиббӣ доранд барои гирифтани иҷозатномаи фаъолият бояд курсҳои омӯзишии 6 моҳа ва мутахассисони дорои тахассуси олӣ курсҳои 3 моҳа гузаранд,- қайд гардид 24 сентябри соли ҷорӣ дар ҷамъомади илмию машваратӣ таҳти мавзуи «Тибби халқӣ ва масъалаҳои ҳалталаби он».                  Инчунин, қайд карда шуд, ки иҷозатнома ин иҷозати махсус барои амалӣ намудани фаъолияти муайян бо риояи ҳатмии шарту талаботҳо мебошад, ки ин барои иҷозати фаъолияти тиббӣ ҳатмӣ аст. Масъалаи иҷозатномадиҳӣ дар зери диқати Ҳукумат қарор дошта, манфиатҳои соҳибкоронро ҳифз менамояд.                   Дар ҷамъомад олимону мутахассисони тибби халқӣ ва табибони халқии ҷумҳурӣ, намояндагони вазорату идораҳо ҷамъ омада буданд, ки дар он оид ба дастовардҳо ва масъалаҳои ҳалталаби тибби халқӣ, ба расмият даровардан ва гирифтани иҷозатномаҳо барои табибони халқӣ, қабули аъзоёни нав ба узвияти Ассотсиатсияи касбии тибби анъанавӣ ва таҳияи маълумотнома оид ба тибби халқӣ, тибби хусусӣ ва дорухонаҳои хусусиро муҳокима намуданд.

Сентябрь 25, 2009 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд