МУСОБИҚА ДАВОМ ДОРАД
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Аз Федератсияи бокси тахассусии Федератсияи Русия хабар доданд, ки варзишгари тоҷик, боксчии маъруф Соҳиб Усаров 2 октябр дар саҳнаи клуби «Монреал» — и шаҳри Маскав барои ба даст овардани унвони қаҳрамони варзиши бокс аз рӯи фарзияи Федератсияи бокси Аврупо дар вазни сабуктарин бо варзишгари Русия Александр Фёдоров қувваозмоӣ мекунад. Хабар дода мешавад, ки Соҳиб Усаров дар вазни сабуктарин қаҳрамони бокси Русия мебошад. Ӯ аз соли 2006 сар карда, бо боксчиёни касбӣ қувва меозмояд. Ҳарифи С.Усаров Александр Фёдоров дар вазнҳои нисбатан калонтар қаҳрамони варзиши Русия гардида, нисбат ба варзишгари тоҷик таҷрибаи калон дорад. Ӯ дар чандин мусобиқаҳои байналхалқӣ дар Аврупо ва Амрико ширкат варзидааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






