МУСОБИҚАИ ЭНЕРГЕТИКҲОИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ
Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Гурӯҳи мутахассисони соҳаи энергетикаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Ҷамъияти саҳҳомии «Барқи тоҷик» Шариф Исоев ба пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳри Остона рафт. Мутахассисони тоҷик дар ин ҷо дар мусобиқаи байналхалқии энергетикҳои мамлакатҳои ИДМ ширкат меварзанд, ки аз 16 то 22 сентябр баргузор мегардад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар мусобиқа дастаҳои Русия, Белорусия, Арманистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон иштирок менамоянд. Мутахассисони соҳаи энергетика маҳорати худро дар бобати босуръат иҷро кардани корҳо, риояи техникаи бехатарӣ, истифодаи воситаҳои ҳимоя аз фалокат, истифодаи дурусти асбобу анҷом, инчунин бартараф сохтани фалокат дар бунгоҳҳо ва ғайра нишон медиҳанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






