МУСОБИҚАИ ШОҲМОТБОЗОН АНҶОМ ЁФТ
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмотбозони лигаи олии Русия ба охир расид. Дар ин мусобиқа шоҳмотбози тоҷик Фаррух Амонатов иштирок дошт. Ӯ дар ҷараёни мусобиқа дар 11 қувваозмоӣ ширкат варзида, дар байни 57 иштирокчии мусобиқа ҷои 18 – умро ишғол намуд. Дар натиҷа Ф.Амонатов ба мусобиқаи умумироссиягии шоҳмотбозони варзида, ки моҳи декабр баргузор мегардад роҳхат гирифта натавонист. Фонди умумии мукофоту ҷоизаҳои мусобиқа 2 миллиону 500 ҳазор рубли Русияро ташкил медиҳад. Шоҳмотбозоне, ки дар мусобиқа ҷойҳои аз якум то сиюмро ишғол намудаанд, мувофиқи холҳои ба даст овардаашон мукофоти пулӣ мегиранд. Аз ҷумла, Ф.Амонатов ва шаш нафар шоҳмотбози дигар 2500 рублӣ мукофот гирифтанд. Дар мусобиқа қаҳрамони шоҳмоти Русия Евгений Томашевский ғолиб омад. Вай соҳиби мукофоти пулӣ ба маблағи 500 ҳазор рубл гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






