МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА 15-СОЛАГИИ САРҚОНУН
Душанбе, 22 сентября. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон аз 23 то 27 сентябри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Мактаби маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин»-и шаҳри Душанбе Чемпионати ҶТ оид ба баскетбол байни дастаҳои мардона бахшида ба 15- солагии Сарқонуни ҶТ-ро доир менамояд. Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи мазкур иттилоъ доданд, ин чорабинӣ бо мақсади тарғиби баскетбол дар ҷумҳурӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва муайян намудани аъзои дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар мусобиқа ширкати дастаҳои вилоятҳои Хатлон (ду даста), Суғд (як даста), Бадахшон (як даста), шаҳри Душанбе (ду даста), шаҳри Турсунзода (як даста) ва ноҳияи Рӯдакӣ (як даста) дар назар аст. Ғолибон ва ҷоизадороне, ки дар ҷамъбасти мусобиқа ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд, бо ҷом, медалу диплом ва тӯҳфаҳои таъсисдодаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешаванд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






