НАҚШАИ СОХТМОНИ МАРКАЗИ ГАРМӢ ТАҒЙИР ДОДА ШУД
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Мутахассисони ширкати «Tebian Electric Apparatus» — и Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки сохтмони Маркази барқу гармидиҳиро ба зимма гирифтаанд, қарор доданд, ба нақшаи сохтмони он тағйирот ворид созанд. Аз дафтари матбуоти вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки тағйироти мазкур асосан ба афзун гардондани иқтидори марказ ва таҷҳизоти тоза кардани ҳавои он дахл дорад. Мутахассисони чинӣ пешниҳод мекунанд, ки иқтидори марказ аз 200 мегаватти ба нақша гирифташуда то 270 мегаватт зиёд карда шавад. Инчунин дар марказ ба ҷои таҷҳизоти дузинадори ҳавотозакунӣ таҷҳизоти сезинадори тоза кардани ҳаво аз партовҳои истеҳсолот сохта хоҳад шуд. Маркази мазкур, тибқи нақша бояд соли 2011 дар арафаи 20 — солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шавад. Дар ин ҷо баъди ба истифода додани марказ ҳар шабонарӯз 4,8 миллион киловатт – соат қувваи барқ истеҳсол карда хоҳад шуд.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






