НАМОИШҲОИ НАВИ ОММАВӢ ДАР УРУМЧӢ

Сентябрь 5, 2009 12:06

                 Урумчи, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар». – Газета.ру). – Шабонарӯзи гузашта садҳо ва аз рӯи хабарҳои дигар ҳазорҳо нафар сокинони маҳаллӣ дар маркази Ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғур — шаҳри Урумчи ба кӯчаҳо баромаданд. Онҳо намоишҳои оммавӣ ташкил карда, фаъолияти ҳукумати маҳаллиро маҳкум менамоянд. Намоишгарон аз ҷумла, мақомоти маҳаллиро ба бепарвоӣ ва мусоҳилакорӣ зимни бетартибиҳои 5 июл баамаломада гунаҳкор менамоянд. Онҳо талаб намуданд, ки уйғурҳои ташаббускори бетартибиҳо ва талаю тороҷи моликияти одамон ёфта ва ба суд дода шаванд.                 Вазири амнияти ҷамъиятии Чин Мен Сзянчжу баъди бетартибиҳои моҳи июл ба Урумчи омада, супориш дод, ки ҳар чӣ зудтар тартиботи ҷамъиятӣ барқарор карда шавад. Баъд барои пароканда сохтани намоишгарон аз гази ашковар истифода карда шуд. Политсия роҳҳои даромаду баромади маҳалҳои аҳолинишини ноҳияро баст.               Мақомоти маҳаллӣ дар бораи ҳалокати одамон ва чӣ тавр кушта шудани онҳо ягон хабар намедиҳанд. Маъмурияти шаҳр гузаронидани ҳама гуна намоишҳо ва роҳпаймоиҳоро манъ кардааст.                Ба қавли намояндагони ҳукумат, намоишҳои оммавӣ ба таҷлили 60 — солагии ташкили Ҳизби коммунисти Чин халал мерасонанд.                Воситаҳои ахбори оммавии Чин «Анҷумани ҷаҳонии уйғурҳо» — ро сабабгори тамоми бетартибиҳо мешуморанд. Ба анҷумани мазкур Робиаи Қодир роҳбарӣ мекунад. Ӯро соли 1999 ба барбод додани амнияти миллӣ гунаҳкор сохта, ба хабс гирифта буданд. Робиаи Қодир баъди шаш сол аз маҳбас озод карда шуд. Ҳоло ӯ дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунад.

Сентябрь 5, 2009 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд