ОҒОЗИ МАЪРАКАИ ДОРУГУЗАРОНӢ
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Имрӯз дар саросари мамлакат маъракаи доругузаронӣ ба организми бачагони аз 1 то 14 сола барои пешгирии бемориҳои гул ва сурхча оғоз ёфт. Маъракаи мазкур то 12 октябр давом мекунад. Дар давоми он ба организми бештар аз 2,5 миллион нафар бачагон дору гузаронида хоҳад шуд. Аз Маркази доругузаронии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ба организми бачагон дар дармонгоҳҳо, мактабҳо, интернатҳо ва муассисаҳои табобатии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, шаҳру ноҳияҳои дурдаст дору гузаронида мешавад. Муассисаи наҷоти атфоли СММ барои дастгирии маъракаи доругузаронӣ дар Тоҷикистон миқдори зарурии дору, сӯзандоруҳои якдафъаина, яхдонҳо, сумкаҳо ва асбобу анҷоми дигари лозимӣ харида, тӯҳфа кард. Ба туфайли ин доруҳои заруриро ба маҳалҳои дурдасттарини ҷумҳурӣ бурдан имконпазир мегардад. Муассисаи наҷоти атфоли СММ ҳамчунин барои огоҳ намудани аҳолӣ аз маъракаи доругузаронӣ ва ташвиқу тарғиби он маводи иттилоотӣ, аз чумла, варақаю плакатҳо нашр намуда, дар телевизион ва радио бо ин мақсад рекламаҳо намоиш дода ва пахш менамояд. Маъракаи доругузаронӣ дар Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати тандурустии мамлакат бо кӯмаки Муассисаи наҷоти атфоли СММ, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон гузаронида мешавад. Бемориҳои гул ва сурхча бемориҳои сирояткунанда буда, дар мавриди табобат накарданашон сабаби маъюбӣ ва ҳатто вафоти бачагон мегарданд. Бинобар ин гузаронидани дору барои пешгирии бемориҳори мазкур ба организми бачагон аҳамияти ниҳоят калон дорад.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






