ОҒОЗИ МУСОБИҚОТИ ҚАҲРАМОНИИ ГӮШТИНГИРОНИ ҶАҲОН
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Дирӯз дар шаҳри Харнинги Дания мусобиқоти қаҳрамонии гӯштингирони ҷаҳон оғоз ёфт. Дар мусобиқа аввалин шуда, гӯштингирони тарзи озод қувва меозмоянд. Дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон иштирокчиёни бозиҳои Олимпии Пекин Юсуф Абдусаломов, Виталий Карякин ва Мурод Тӯйчиев иштирок доранд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки варзишгари тоҷик Виталий Карякин имрӯз дар ҷараёни мусобиқа бо намояндаи Озарбойҷон Салимхон Ҳусейнов ва Юсуф Абдусаломов бо варзишгари Литва Эдгарас Воитечовскис қувва хоҳанд озмуд. Намояндаи дигари мамлакати мо Мурод Тӯйчиев 25 сентябр ба қувваозмоӣ шурӯъ хоҳад кард. Хабар дода мешавад, ки дар ин мусобиқа дастаҳои варзишгарони 52 мамлакати ҷаҳон иштирок доранд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






