ОҒОЗИ МУСОБИҚОТИ ҚАҲРАМОНИИ ГӮШТИНГИРОНИ ҶАҲОН

Сентябрь 22, 2009 10:21

                 Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Дирӯз дар шаҳри Харнинги Дания мусобиқоти қаҳрамонии гӯштингирони ҷаҳон оғоз ёфт. Дар мусобиқа аввалин шуда, гӯштингирони тарзи озод қувва меозмоянд.                    Дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон иштирокчиёни бозиҳои Олимпии Пекин Юсуф Абдусаломов, Виталий Карякин ва Мурод Тӯйчиев иштирок доранд.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки варзишгари тоҷик Виталий Карякин имрӯз дар ҷараёни мусобиқа бо намояндаи Озарбойҷон Салимхон Ҳусейнов ва Юсуф Абдусаломов бо варзишгари Литва Эдгарас Воитечовскис қувва хоҳанд озмуд.                  Намояндаи дигари мамлакати мо Мурод Тӯйчиев 25 сентябр ба қувваозмоӣ шурӯъ хоҳад кард.                     Хабар дода мешавад, ки дар ин мусобиқа дастаҳои варзишгарони 52 мамлакати ҷаҳон иштирок доранд.

Сентябрь 22, 2009 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд