ОМӮЗГОРОН ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

Сентябрь 18, 2009 10:41

                Душанбе, 18 сентбр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Филиали Донишгоҳи технологии шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби маблағи даромадаш барои омӯзгорон ба маблвғи 1, 1 млн. сомонӣ бинои чорошёнаи истиқоматӣ бунёд намуд.                 Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ҳини супоридани калидҳои хонаҳои истиқоматӣ ба 27 нафар омӯзгорони филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои рафъи камбудиҳо оид ба мушкилоти таҳсилу истироҳати донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ иброз доштааст, ки соли ҷорӣ барои гузаронидани таҷриба ба факултаи агротехнологӣ қитъаи замин ҷудо карда мешавад. Хобгоҳҳои донишҷӯён дар тирамоҳу зимистони соли ҷорӣ бо нерӯи барқ ва сӯзишворӣ пурра таъмин карда мешаванд. Ҳамчунин камбудиҳои дигари дар рафти таълим пайдошуда низ бартараф карда мешаванд.

Сентябрь 18, 2009 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд