ОМОДАГИИ ВЕТЕРАНҲО БА ИДИ ҒАЛАБА

Сентябрь 1, 2009 17:00

               Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – 25 сентябр дар шаҳри Душанбе Пленуми ҷумҳуриявии Шӯрои ветеранҳои мамлакат баргузор мегардад. Ҳоло ҳамаи созмонҳои ветеранҳо ба ҳамин пленум тайёрӣ мебинанд.               Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳар сол дар пленуми Шӯрои ветеранҳо ҳисоботи яке аз созмонҳои ветеранҳои ҷумҳурӣ шунида ва муҳокима карда мешавад. Дар пленуми имсола раиси Шӯрои ветеранҳои ҷанги вилояти Суғд Мӯҳсин Раҳимов маърӯза хоҳад кард.               Иштирокчиёни пленум масъалаи тайёрӣ ва гузаронидани иди 65 – солагии ғалабаи халқҳои Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватаниро баррасӣ менамоянд. Ҳамаи тадбирҳои идона мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи омодагӣ ба ҷашни 65 – солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 амалӣ карда хоҳанд шуд.

Сентябрь 1, 2009 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд