ОРЗУИ ПРЕЗИДЕНТИ ҲИНДУСТОН АМАЛӢ ШУД
Кӯлоб, 8 сентябр. (АМИТ “Ховар”, Сулаймон Холов). — Сафари Президенти Ҳиндустон Пратибха Девисингх Патил ба шаҳри Кӯлоб танҳо бо боздиди осорхонаи ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ анҷом ёфт. Хонум Пратибха зимни суханрониаш гуфт, ки Мирсаид Алии Ҳамадонӣ солҳои тӯлони дар Кашмир зиндагӣ карда, дар инкишофи фарҳанги ин мардум саҳми хоссае дорад. Вай гуфт, ки ҳамакнун пайравони зиёди ин мутаффакир дар қаламрави Ҳиндустон умр ба сар бурда, бо аъмоли нек ва сулҳхоҳонаи хеш шинохта мешаванд. Дар мавриди шахсияти Мирсаид Алии Ҳамадонӣ раиси Ҷумҳурии Ҳиндустон иброз дошт, ки ҳайёт ва кору эҷоди ин файласуф ба дӯстиву рафоқати миллатҳои гуногун равона гардида буд. Ӯ инчунин гуфт, ки зиёрати мақбараи Ҳамадонӣ орзуи деринаи ӯ буд, ки ҳамакнун ба он расидааст. Мавриди зикр аст, ки тӯли 18 соли Истиқлолият 4 президент ба зиёрати Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф овардаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






