ОВОРАГАРД ДАСТ БА ДУЗДӢ ЗАД

Сентябрь 1, 2009 16:40

               Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур як далели ғоратгарӣ ба қайд гирифта шуд. Дилором Маҳмадова дар аризаи худ навиштааст, ки шаби 31 августи соли равон, шахси номаълум дар назди беморхонаи рақами 3, ба тариқи ошкоро аз дасташ борхалтаи селофаниро, ки дар дохилаш як адад телефони мобилии тамғаи «Samsung», як адад ҳамён, ки арзишашон ба маблағи 600 сомонӣ мебошад, кашида гирифта аз ҷои ҳодиса ғайб задаст. Дар вақти гузарондани чораҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ шаҳрванд Юрий Рогов, соли таваллудаш 1976, бе ҷои зист, дастгир карда шуд, ки аз ӯ далелҳои шайъӣ гирифта нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. 

Сентябрь 1, 2009 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд