ОВОЗАИ БЕАСОС

Сентябрь 29, 2009 11:03

                 Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова ). – Аз рӯи хабари Агентии иттилоотии «24. Kg» — и Қирғизистон, ки 28 сентябр пахш карда шуд, гӯё 26 сентябр дар яке аз қитъаҳои сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронӣ рух додааст. Аз рӯи хабари агентӣ, силоҳбадастони номаълум 26 сентябр дар наздикии деҳаи Сурх ба посгоҳи марзбонон ҳамла оварда, ба сӯи марзбонон оташ кушода, баъд ба самти номаълум ғайб заданд.                  Вале аз дафтари матбуоти Раёсати умумии артиши марзбони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон чунин амалиёт содир нашудааст ва хабари агентии иттилоотии Қирғизистон ягон асоси воқеӣ надорад.

Сентябрь 29, 2009 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд