ОВОЗХОНИ НАВБАТИИ ӮЗБЕКИСТОН БА ДУШАНБЕ МЕОЯД
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Овозхони навбатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Раҳимхон рӯзҳои наздик бо сафари ҳунарӣ ба ҷумҳурии мо ташриф меорад. Ӯ 29 сентябр дар бинои Тсирки давлатии ҷумҳурӣ консерти калон медиҳад. Ташкилкунандаи сафари ҳунарии овозхони машҳури ӯзбек Муассисаи давлатии ҳунарии «Базморо» мебошад. Ёдовар мешавем, ки овозхони маъруф Сардор Раҳимхон имсол бори дуюм ба назди мухлисони тоҷики худ ташриф меорад. Ӯ ин дафъа барои мухлисони тоҷики худ барномаи нави консертӣ тайёр намудааст. Фаъолияти эҷодии Сардор Раҳимхон аз соли 2005 оғоз меёбад. Ӯ айни ҳол на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар ҷумҳуриҳои дигари минтақа шӯҳрат пайдо кардааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






