ОВОЗХОНИ НАВБАТИИ ӮЗБЕКИСТОН БА ДУШАНБЕ МЕОЯД

Сентябрь 4, 2009 17:00

               Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Овозхони навбатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Раҳимхон рӯзҳои наздик бо сафари ҳунарӣ ба ҷумҳурии мо ташриф меорад. Ӯ 29 сентябр дар бинои Тсирки давлатии ҷумҳурӣ консерти калон медиҳад. Ташкилкунандаи сафари ҳунарии овозхони машҳури ӯзбек Муассисаи давлатии ҳунарии «Базморо» мебошад.                Ёдовар мешавем, ки овозхони маъруф Сардор Раҳимхон имсол бори дуюм ба назди мухлисони тоҷики худ ташриф меорад. Ӯ ин дафъа барои мухлисони тоҷики худ барномаи нави консертӣ тайёр намудааст.               Фаъолияти эҷодии Сардор Раҳимхон аз соли 2005 оғоз меёбад. Ӯ айни ҳол на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар ҷумҳуриҳои дигари минтақа шӯҳрат пайдо кардааст.

Сентябрь 4, 2009 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд