ОЗМУНИ «СИТОРАҲОИ ИНТЕРВИЗИОН — 2009» КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Масъалаи гузаронидани озмуни байналхалқии овозхонони ҷавони «Панҷ ситораи интервизион – 2009» дар Тоҷикистон то ҳол ҳал нашудааст. Аз рӯи маълумоти охирини роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ озмуни мазкур дар Тоҷикистон шояд тамоман гузаронида нашавад. Вале дар ин масъала хулоса баровардан ҳанӯз барвақт аст. Зеро раиси Кумита Асадулло Раҳмонов барои гуфтушунид бо ташкилкунандагони озмун ба Маскав рафтааст. Дар натиҷаи гуфтушуниди ӯ дар Маскав масъалаи гузаронидани озмун ҳамаҷониба ҳаллу фасл карда мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки рӯзи гузаронидани озмун аз тарафи ташкилкунандагони он борҳо тағйир дода шуд. Тибқи нақша, озмуни мазкур мебоист моҳи август баргузор мегардид. Вале онро баъдан ба моҳи октябр мавқуф гузоштанд. Тафсилоти масъала дар ҷараёни гуфтушунидҳои минбаъда муайян карда хоҳад шуд. Проблемаи асосие, ки ба гузаронидани озмун монеъ мегардад, набудани ҷои мувофиқ аст, ки ба талаботи техникии озмуни байналхалқӣ мувофиқ бошад. Гурӯҳи кории Кумитаи тадорукоти озмун моҳи марти соли равон барои ҳалли масъалаҳои ташкилӣ ба Душанбе омада, барои гузаронидани озмун Кохи Борбадро интихоб карда буд. Вале аъзои Кумитаи тадорукот баъдан дар бораи мувофиқати саҳнаи Коҳи Борбад ба талаботи гузаронидани озмун изҳори шубҳа карда буданд. Умед аст, ки ин масъала ояндаи наздик ҳал карда хоҳад шуд.








«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд






