ОЗМУНИ «СИТОРАҲОИ ИНТЕРВИЗИОН — 2009» КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

Сентябрь 24, 2009 14:42

                 Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Масъалаи гузаронидани озмуни байналхалқии овозхонони ҷавони «Панҷ ситораи интервизион – 2009» дар Тоҷикистон то ҳол ҳал нашудааст. Аз рӯи маълумоти охирини роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ озмуни мазкур дар Тоҷикистон шояд тамоман гузаронида нашавад.                  Вале дар ин масъала хулоса баровардан ҳанӯз барвақт аст. Зеро раиси Кумита Асадулло Раҳмонов барои гуфтушунид бо ташкилкунандагони озмун ба Маскав рафтааст. Дар натиҷаи гуфтушуниди ӯ дар Маскав масъалаи гузаронидани озмун ҳамаҷониба ҳаллу фасл карда мешавад.                   Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки рӯзи гузаронидани озмун аз тарафи ташкилкунандагони он борҳо тағйир дода шуд. Тибқи нақша, озмуни мазкур мебоист моҳи август баргузор мегардид. Вале онро баъдан ба моҳи октябр мавқуф гузоштанд. Тафсилоти масъала дар ҷараёни гуфтушунидҳои минбаъда муайян карда хоҳад шуд.                   Проблемаи асосие, ки ба гузаронидани озмун монеъ мегардад, набудани ҷои мувофиқ аст, ки ба талаботи техникии озмуни байналхалқӣ мувофиқ бошад.                   Гурӯҳи кории Кумитаи тадорукоти озмун моҳи марти соли равон барои ҳалли масъалаҳои ташкилӣ ба Душанбе омада, барои гузаронидани озмун Кохи Борбадро интихоб карда буд. Вале аъзои Кумитаи тадорукот баъдан дар бораи мувофиқати саҳнаи Коҳи Борбад ба талаботи гузаронидани озмун изҳори шубҳа карда буданд. Умед аст, ки ин масъала ояндаи наздик ҳал карда хоҳад шуд.

Сентябрь 24, 2009 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд