ПЕШНИҲОДИ МУНШИИ УМУМИИ НАТО

Сентябрь 17, 2009 11:22

                 Лондон, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар» — РБК.ру). – Муншии умумии НАТО Андерс Фог Расмуссен даъват кард, ки мамлакатҳои аъзои созмон бояд дар ҳалли проблемаҳои мавҷуда бо Русия беғаразона гуфтушунид кунанд. Ба қавли ӯ ин ба паст намудани шиддати вазъияти Аврупо, мустаҳкам кардани амнияти минтақа ва пурзӯр гардидани мубориза ба муқобили зуҳуроти номатлуби замони ҳозира кӯмак мерасонад. А.Ф.Расмуссен сарони мамлакатҳои аъзои созмонро даъват кард, ки ба Маскав рафта, бо роҳбарони Русия мулоқот кунанд ва ақидаю мавқеи онҳоро роҷеъ ба проблемаҳои мавҷуда ба эътибор гиранд.                  Ҳамзамон муншии умумии НАТО иқрор шуд, ки мавқеи мамлакатҳои Ғарб ва Русия роҷеъ ба бисёр проблемаҳо аз ҳамдигар фарқи калон дорад. Яке аз ин проблемаҳо муноқишаи Гурҷистону Иристон ва ба НАТО ҷалб кардани Гурҷистону Украина мебошанд. Бояд гуфт, ки муносибатҳои НАТО ва Русия баъди муноқиша дар Гурҷистон ва Иристони Ҷанубӣ то андозае муташанниҷ гардид.                  А.Ф.Расмуссен афзуд, ки барои ҳалли ҳамаи проблемаҳо бо Русия гуфтушунид ва маслиҳату машварат кардан зарур аст. Ба ин васила ҳар ду ҷониб ба муқобили терроризм, талаю тороҷи киштиҳо дар баҳрҳои кушод ва барқарор сохтани Афғонистон бомуваффақият ҳамкорӣ карда метавонанд.                 А.Ф.Расмуссен моҳи август муншии умумии НАТО интихоб шуд. Ӯ дар ин вазифа Яаап де Хооп Схефферро иваз намуд. Муншии нави умумии НАТО изҳор намуд, ки густариши равобити ҳамкорӣ бо Русия яке аз самтҳои асосии фаъолияти он мебошад.

Сентябрь 17, 2009 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст