ПЕШНИҲОДИ МУНШИИ УМУМИИ НАТО
Лондон, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар» — РБК.ру). – Муншии умумии НАТО Андерс Фог Расмуссен даъват кард, ки мамлакатҳои аъзои созмон бояд дар ҳалли проблемаҳои мавҷуда бо Русия беғаразона гуфтушунид кунанд. Ба қавли ӯ ин ба паст намудани шиддати вазъияти Аврупо, мустаҳкам кардани амнияти минтақа ва пурзӯр гардидани мубориза ба муқобили зуҳуроти номатлуби замони ҳозира кӯмак мерасонад. А.Ф.Расмуссен сарони мамлакатҳои аъзои созмонро даъват кард, ки ба Маскав рафта, бо роҳбарони Русия мулоқот кунанд ва ақидаю мавқеи онҳоро роҷеъ ба проблемаҳои мавҷуда ба эътибор гиранд. Ҳамзамон муншии умумии НАТО иқрор шуд, ки мавқеи мамлакатҳои Ғарб ва Русия роҷеъ ба бисёр проблемаҳо аз ҳамдигар фарқи калон дорад. Яке аз ин проблемаҳо муноқишаи Гурҷистону Иристон ва ба НАТО ҷалб кардани Гурҷистону Украина мебошанд. Бояд гуфт, ки муносибатҳои НАТО ва Русия баъди муноқиша дар Гурҷистон ва Иристони Ҷанубӣ то андозае муташанниҷ гардид. А.Ф.Расмуссен афзуд, ки барои ҳалли ҳамаи проблемаҳо бо Русия гуфтушунид ва маслиҳату машварат кардан зарур аст. Ба ин васила ҳар ду ҷониб ба муқобили терроризм, талаю тороҷи киштиҳо дар баҳрҳои кушод ва барқарор сохтани Афғонистон бомуваффақият ҳамкорӣ карда метавонанд. А.Ф.Расмуссен моҳи август муншии умумии НАТО интихоб шуд. Ӯ дар ин вазифа Яаап де Хооп Схефферро иваз намуд. Муншии нави умумии НАТО изҳор намуд, ки густариши равобити ҳамкорӣ бо Русия яке аз самтҳои асосии фаъолияти он мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






