ПИРӮЗИИ ҲИЗБИ НАСРОНИЁНИ ДЕМОКРАТ ДАР ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОН
Берлин, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар» — РБК.ру). – Ҳизби насрониёни демократи Олмон таҳти роҳбарии канслер Анжела Меркел дар интихоботи парлумон ғалаба ба даст овард. Интихобот дар ин ҷо дирӯз баргузор гардид. Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, Ҳизби насрониёни демократ ба 33,8 фоизи овози интихобкунандагон, ҳарифи асосии он — Ҳизби сотсиал – демократ соҳиби 23 фоиз, Ҳизби демократҳои озод соҳиби 15 фоиз, Ҳизби чапгаро соҳиби 12 фоиз ва Ҳизби табиатдӯстон соҳиби 10 фоизи овозҳо гардиданд. Бояд гуфт, ки Ҳизби сотсиал — демократи Олмон дар интихобот шикасти калон хӯрда, аз ҳокимият барканор гардид. А.Меркел изҳор намуд, ки аз имконияти бадастомадаи ташкили ҳукумат ҳамроҳи либералҳо изҳори хурсандӣ менамояд. Ба мо муяссар шуд, ки ҳадафҳоямонро ба даст оварда, ҳукумати нави мамлакатро ташкил диҳем. Ҳукумати мо ҳукумати ҳақиқатан халқӣ хоҳад гашт, гуфт вай.








Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






