ПРЕЗИДЕНТИ ҲИНДУСТОН БА ДУШАНБЕ ОМАД
Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова, Пайрав Назаров). – Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибха Патил имрӯз барои боздиди нахустини расмӣ ба Душанбе омад. Меҳмони олиқадрро дар майдони ҳавоии пойтахт Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ва шахсони дигари расмӣ пешвоз гирифтанд. Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ҳиндустон 28 августи соли 1992 муқаррар карда шудаанд. Дар ин муддат байни ҳар ду кишвар 34 ҳуҷҷати ҳамкорӣ имзо карда шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1995, 2001 ва 2006 ба Ҳиндустон расман ташриф оварда буд. Аз рӯи маълумоти Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон маблағи хариду фурӯши мол дар байни ҳар ду мамлакат дар давоми 7 моҳи соли 2009 — ум бештар аз 25 миллион доллари ИМА – ро ташкил дод.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






