ПРЕЗИДЕНТИ ҲИНДУСТОН БА КӮЛОБ МЕРАВАД
Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Сафари расмии Президенти Ҳиндустон Пратибха Девисингх Патил дар Тоҷикистон давом дорад. Ӯ субҳи имрӯз дар маҷлиси ботантанаи бахшида ба 18 – солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ширкат меварзад. Баъд Президенти Ҳиндустон ба шаҳри Кӯлоб рафта, мақбараи Мирсаид Алии Ҳамадониро зиёрат хоҳад кард. Меҳмони олиқадрро дар сафари Кӯлоб Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ҳамроҳӣ мекунад. Президенти Ҳиндустон сипас ба Душанбе баргашта, боғи ба номи Гандиро зиёрат карда, Осорхонаи ёдгориҳои атиқаро тамошо хоҳад кард. Пратибха Девисингх Патил бегоҳии имрӯз баъди анҷоми сафараш дар Тоҷикистон ба ватан бармегардад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






