РАҲМОНОВ БА КИШИНЁВ РАФТ

Сентябрь 24, 2009 11:33

                  Душанбе, 24 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Зиёиёни тоҷик таҳти роҳбарии вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов 23 сентябр ҷиҳати иштирок дар Форуми 4-уми олимон ва зиёиёни эҷодкори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки рӯзҳои 24-25 сентябр дар шаҳри Кишинёв баргузор мегардад ба Молдова сафар карданд.                 Тибқи иттилои сардори Маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, мавзӯи асосии Форум дастгирии ҷавонон- таҳкими фазои ИДМ аст.                    Форум дар шакли ҷаласаҳои мавзӯӣ дар 7 гурӯҳи анъанавӣ вобаста ба равияҳои илм ва маориф, дастгирии насли ҷавони ИДМ, мероси фарҳангӣ (бойгониҳо, китобхонаҳо, осорхонаҳо), адабиёт ва нашри китоб, театр, кино, мусиқӣ ва сирк, санъати тасвирӣ ( меъморӣ, ороиш) ва Васоити ахбори омма баргузор мегардад. 

Сентябрь 24, 2009 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд