РАҲМОНОВ БА КИШИНЁВ РАФТ
Душанбе, 24 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Зиёиёни тоҷик таҳти роҳбарии вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов 23 сентябр ҷиҳати иштирок дар Форуми 4-уми олимон ва зиёиёни эҷодкори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки рӯзҳои 24-25 сентябр дар шаҳри Кишинёв баргузор мегардад ба Молдова сафар карданд. Тибқи иттилои сардори Маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, мавзӯи асосии Форум дастгирии ҷавонон- таҳкими фазои ИДМ аст. Форум дар шакли ҷаласаҳои мавзӯӣ дар 7 гурӯҳи анъанавӣ вобаста ба равияҳои илм ва маориф, дастгирии насли ҷавони ИДМ, мероси фарҳангӣ (бойгониҳо, китобхонаҳо, осорхонаҳо), адабиёт ва нашри китоб, театр, кино, мусиқӣ ва сирк, санъати тасвирӣ ( меъморӣ, ороиш) ва Васоити ахбори омма баргузор мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






