РАИСИ ВИЛОЯТ ШОИРАИ ҶАВОНРО БА НАМОИШГОҲ МЕФИРИСТАД
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо мақсади ташкил намудани сафари ҳунарии кормандони муассисаҳои давлатиии «Театри мусиқӣ-мазҳакаи ба номи Камоли Хуҷандӣ», «Театри мусиқии тамошобинони ҷавон» ва «Театри лӯхтаки шаҳри Чкалов» ба навоҳии Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакент қарор имзо кард. Мувофиқи ин қарор аз ҳисоби барзиёд иҷрошавии қисми даромади буҷети маҳаллӣ нисбат ба нақша ба театри ба номи Камоли Хуҷандӣ 4 ҳазор сомонӣ, ба театри мусиқии тамошобини ҷавон 4 ҳазор сомонӣ ва ба театри лӯхтаки шаҳри Чкалов 3 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд. Тибқи қарори дигари раиси вилоят барои пардохт кардани хароҷоти сафари шоираи ҷавон Дилором Солибоева ҷиҳати иштирок дар намоишгоҳи байналхалқии китоб дар шаҳри Москва, аз ҳисоби Фонди захиравии раиси вилоят 3 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо гардид. Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки инчунин, бо қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз санаи 15-сентябр то 24 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии вилоят Рӯзи фарҳангии ҷавонон доир мегардад.








Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд






