РАИСИ ВИЛОЯТ ШОИРАИ ҶАВОНРО БА НАМОИШГОҲ МЕФИРИСТАД

Сентябрь 3, 2009 15:40

                 Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо мақсади ташкил намудани сафари ҳунарии кормандони муассисаҳои давлатиии «Театри мусиқӣ-мазҳакаи ба номи Камоли Хуҷандӣ», «Театри мусиқии тамошобинони ҷавон» ва «Театри лӯхтаки шаҳри Чкалов» ба навоҳии Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакент қарор имзо кард.                   Мувофиқи ин қарор аз ҳисоби барзиёд иҷрошавии қисми даромади буҷети маҳаллӣ нисбат ба нақша ба театри ба номи Камоли Хуҷандӣ 4 ҳазор сомонӣ, ба театри мусиқии тамошобини ҷавон 4 ҳазор сомонӣ ва ба театри лӯхтаки шаҳри Чкалов 3 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд.                Тибқи қарори дигари раиси вилоят барои пардохт кардани хароҷоти сафари шоираи ҷавон Дилором Солибоева ҷиҳати иштирок дар намоишгоҳи байналхалқии китоб дар шаҳри Москва, аз ҳисоби Фонди захиравии раиси вилоят 3 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо гардид.                Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки инчунин, бо қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз санаи 15-сентябр то 24 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии вилоят Рӯзи фарҳангии ҷавонон доир мегардад.

Сентябрь 3, 2009 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад