РОҲИ АВТОМОБИЛГАРД – РОҲИ КАЙҲОНӢ НЕСТ

Сентябрь 7, 2009 14:53

                Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар». Жасмин Назарова). – Ронандаи автомашинаи тамғаи «Меrсеdes — benz» Шавкат Назаров, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Ҳисор – Душанбе аз сабаби баланд намудани суръати ҳаракат аз уҳдаи идораи автомашина набаромада аз роҳ берун гашта чаппа мешавад. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, дар натиҷа ронандаи автомашина ва мусофири он Беҳрӯз Ҳафизов аз гирифтани ҷароҳатҳои вазнини ҷимонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.                 Инчунин се мусофири дигари автомашина бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхонаи марказии ноҳияи Ҳисор бистарӣ карда мешавад.                 Дар ноҳияи Рудакӣ низ як садамаи нақлиётии марговар ба қайд гирифта шуд.                 Ронандаи автомашинаи тамғаи «Porsche — cayon» Тоҳирҷон Амирбеков, соли таваллудаш 1974, сокини ҷамоати ба номи М. Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз тарафи деҳаи Ҳоҷиён ба тарафи деҳаи Ҷ. Румӣ аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, пиёдагард ноболиғ Нилуфар Абдуллоеваи 6 соларо пахш кард. Дар натиҷа ҷабрдида аз гирифтани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расид. 

Сентябрь 7, 2009 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид