РОҲИ МОШИНГАРДИ ДӮСТӢ- ПАНҶИ ПОЁН СОХТА МЕШАВАД
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Ширкати сохтмонии Ҷопон Nipo ба амалӣ сохтани барномаи қисмати дуюми сохтмони роҳи мошингарди Дӯсти-Панҷи Поён ва Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ шурӯъ кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати сохтмони роҳҳои Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ хабар доданд. Ёдовар мешавем, ки барномаи сохтмони роҳи мошингарди Дӯстӣ-Панҷи Поён барқарор сохтани 15 километр роҳро дар бар мегирад. Барои сохтмони роҳи мазкур 12,2 миллион доллари ИМА ҷудо карда шудааст. Ба роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ, ки 42 километрро ташкил медиҳад 32,7 миллион доллари ИМА сарф карда мешавад. Мувофиқи лоиҳа сохтмони мазкур соли 2011 ба итмом мерасад. Ҳукумати Ҷопон барои сохтмони роҳи мазкур маблағ ҷудо кардааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






