РОҲИ МОШИНГАРДИ ДӮСТӢ- ПАНҶИ ПОЁН СОХТА МЕШАВАД

Сентябрь 24, 2009 11:36

                 Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Ширкати сохтмонии Ҷопон Nipo ба амалӣ сохтани барномаи қисмати дуюми сохтмони роҳи мошингарди Дӯсти-Панҷи Поён ва Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ шурӯъ кард.                 Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати сохтмони роҳҳои Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ хабар доданд.                 Ёдовар мешавем, ки барномаи сохтмони роҳи мошингарди Дӯстӣ-Панҷи Поён барқарор сохтани 15 километр роҳро дар бар мегирад. Барои сохтмони роҳи мазкур 12,2 миллион доллари ИМА ҷудо карда шудааст. Ба роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ, ки 42 километрро ташкил медиҳад 32,7 миллион доллари ИМА сарф карда мешавад. Мувофиқи лоиҳа сохтмони мазкур соли 2011 ба итмом мерасад. Ҳукумати Ҷопон барои сохтмони роҳи мазкур маблағ ҷудо кардааст.

Сентябрь 24, 2009 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид