РОССИЯ ДАР ТАЙЁР КАРДАНИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН КӮМАК МЕКУНАД
Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои котиби якуми сафорати Русия дар Тоҷикистон Сергей Киселёв, танҳо дар соли 2009 барои таълим дар мактабҳои олии Русия беш аз 10 ҳазор донишҷӯ қабул карда шудааст. Дар соли 2008 ҳамагӣ 7 ҳазор нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирфта шуда буд, аммо чанд сол пештар шумораи донишҷӯёни Тоҷикистон дар мактабҳои олии Русия 350 нафар буд. -Бо вуҷуди чунин пешрафт, назорати донишҷӯёни болаёқат ҳамеша бояд зери назар қарор бошад,- мегӯяд С. Киселёв. Ба иттилои ҳамин манбаъ, дар ояндаи наздик таъсиси як маркази илму фарҳанг дар пойтахт дар назар аст. Бо гузашти солҳо муносибати Русия бо ҶТ оид ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисос беҳтар хоҳад шуд, ба ин рақамҳои дар боло овардашуда гувоҳӣ медиҳанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






