СӮҲБАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҲИЛЛАРИ КЛИНТОН

Сентябрь 25, 2009 08:25

                  Дар шаҳри Ню- Йорк Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳиллари Клинтон ва Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов мулоқот намуда, ҳамчунин олими шинохтаи тоҷик Акбар Турсун ва як гурӯҳ ҳамватанони муқими Амрикоро ба ҳузур пазируфт.                  Зимни сӯҳбат бо хонум Ҳиллари Клинтон маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико мавриди баррасӣ қарор гирифт.«Барои Тоҷикистон рушди равобити гуногунҷанба бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико авлавияти сиёсати хориҷиро ташкил медиҳад ва мо ба густариши бемайлони ин равобит ва васеъ гардонидани доираи ҳамкориҳо ҳавасманд ҳастем», изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.                  Ҳиллари Клинтон ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми намоёни кишвари мо дар мусоидат ба эътидолу субот дар Афғонистон арзи сипос намуд.                    Аз сатҳ ва мазмуни ҳамкории сиёсӣ ва низомию амниятии Тоҷикистону Амрико, дар маҷмӯъ, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.                    Ҳамзамон таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба манзури дар сафи пеши мубориза бо хатари паҳншавии терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир қарор доштанаш бояд аз кӯмакҳои бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аз ҷумла давлати Амрико бархӯрдор бошад.Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳиллари Клинтон оид ба имкону захираҳои фаровони рушди ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла баҳри мавриди истифода қарор додани иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон, бунёди бозори минтақавии нерӯи барқ, рушди нақлиёту коммуникатсия дар минтақа ва мусоидати фаъол ба барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.                    Ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро баҳри таҳким ва густариши минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманд таъкид намуданд.

Сентябрь 25, 2009 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд