САБАБҲОИ НАВИ ФАЛОКАТИ НБО

Сентябрь 17, 2009 11:28

                Маскав, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Лента.ру). – Яке аз аъзои комиссияи ҳукуматӣ зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки яке аз сабабҳои асосии рух додани фалокат дар нерӯгоҳи барқи обии Саяну Шуша шикастани болтҳои нигаҳдорандаи сарпӯши агрегати дуюми нерӯгоҳ бо сабаби зиёд будани фишори об мебошад.                  Дар натиҷаи шикастани болтҳо, сарпӯши агрегат ковок шуд ва ба дохили он об даромад. Дар натиҷаи даромади об ба дохили агрегат чархҳои дохили он аз кор монданд. Фишори об чунон зиёд буд, ки агрегати дуюмро аз ҷояш канда партофт. Баъди ин об ба толори агрегатҳо дохил шуд. Дар натиҷа девори толор вайрон шуд ва ҳамаи даҳ агрегати нерӯгоҳ осеб дид.                Хабар дода мешавад, ки чанд рӯз пеш аз фалокат мутахассисон агрегати дуюми нерӯгоҳро тармим карда буданд. Қайд карда мешавад, ки болтҳои сарпӯши агрегати дуюм ба талаботи техникӣ ҷавоб медоданд.                Чанд рӯз пеш роҳбари Раёсати назорати техникии иншоотҳои гидроэнергетикии Русия Николай Кутин тафсилоти воқеаро насанҷида, изҳор карда буд, ки сабаби фалокат камбудию нуқсони истифодаи агрегати дуюм ва кор накардани яке аз системаҳои автоматии муҳофизати агрегатҳои дигар мебошад. Хулосаи комиссияи давлатӣ дар бораи сабабҳои рух додани фалокат дар нерӯгоҳи мазкур имрӯз, 17 сентябр пешниҳод карда мешаванд.                 Тавре хабар дода шуда буд, фалокат дар нерӯгоҳ 17 август рух дод. Дар натиҷаи он 74 нафар ҳалок ва як нафар беному нишон гум шуд. Пешбинӣ карда мешавад, ки барои тармими нерӯгоҳ тақрибан 40 миллиард рубл зарур аст.

Сентябрь 17, 2009 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад