САФАРИ РАСМИИ ПҶТ БА ХОРВАТИЯ

Сентябрь 4, 2009 16:05

               Бегоҳии рӯзи 3 – юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди ба поён расидани сафари пурмаҳсул аз шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баҳри анҷом додани сафари расмӣ ба пойтахти Ҷумҳурии Хорватия — шаҳри Загреб рафт.Барномаи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Хорватия, ки бо даъвати Президенти он Стипе Месич сурат мегирад, субҳи имрӯз бо маросими истиқболи расмӣ оғоз ёфт.              Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Хорватия Стипе Месич истиқбол гирифт.               Маросими истиқбол тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузаштан аз назди ҷузъҳои горди фахрӣ, эҳтиром овардан ба Парчами давлатии Хорватия, салом додан ба сарбозон ва шиносоии сарони давлатхо бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.               Масоили таҳким ва густариши ҳамкории ду кишвар, ки асосҳои нахустини он зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Хорватия ба Тоҷикистон моҳи майи соли равон гузошта шуда буд, имрӯз нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат ва сипас дар гуфтушунид бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб баррасӣ гардид.               Соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, хусусан саноати кӯҳӣ, нақлиёту коммуникатсия, сохтмон, илму техника, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва туризм аз самтҳои ояндадори ҳамкории ду кишвар маънидод гардид.              Баҳри идомаи босамар ва густариши робитаҳои гуногунҷанба таъсис додан ва фаъол намудани комиссияи байниҳукуматии ҳамкорӣ зарур шумурда шуд.              Мубодилаҳои сиёсӣ дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ низ аз самтҳои муҳими муносибатҳои ду давлат арзёбӣ гардид.             Аз рӯйи натичаҳои мулоқоту гуфтушунид ду санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид, ки заминагузори рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию техникӣ мебошанд:               Эъломияи муштарак дар бораи рушди минбаъдаи муносибатҳоидӯстӣ ва ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Хорватия;Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Хорватия.               Мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи олии сиёсӣ бо изҳороти матбуотии сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Стипе Месич ба поён расид. Роҳбарони ҳарду давлат аз натиҷаи онҳо изҳори қаноатмандӣ карда, муносибатҳои Тоҷикистону Хорватияро дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ намуданд.               Дар шаҳри Загреб ҳамчунин мулокотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Парлумон ва Сарвазири Хорватия дар назар аст.              Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сентябрь 4, 2009 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд