САРВАЗИРИ НАВИ ҶОПОН ТАЪИН ШУД

Сентябрь 18, 2009 11:16

                  Токио, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Вести.ру). – Палатаи поёнии парлумонии Ҷопон дирӯз номзадии роҳбари Ҳизби демократии мамлакат Юкио Хатоямаро ба мансаби сарвазир тасдиқ намуд. Хабар дода мешавад, ки 16 сентябр ҳукумати либералию демократии Ҷопон пурра истеъфо дод.                  Ю.Хатояма баъди маҷлиси парлумон изҳор намуд, ки интихоби ӯ ба ин вазифаи пурмасъулият ғайричашмдошт буд, бо вуҷуди ин кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, ки мамлакатро аз вартаи бӯҳрон наҷот медиҳад.                  Сарвазири собиқи Ҷопон Таро Асо изҳори таассуф намуд, ки ҳадафҳои пешбиникардаи худро амалӣ карда натавонист. Хатояма 16 сентябр ҳайати нави ҳукуматро ташкил намуда, баъдан бо шоҳи Ҷопон Акихито мулоқот кард.                  Сарвазири нав ният дорад, ки мамлакатро аз вартаи бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ наҷот дода, ҳамкориро бо ИМА ва мамлакатҳои Осиё вусъат бахшида, теъдоди мансабдорони идораҳои ҳукуматиро кам карда, идораи мамлакатро самарабахштар гардонад.                 Хабар дода мешавад, ки 16 сентябр Хирохиса Футзии 77 – сола вазири молия ва Катсу Окадаи 56 – сола вазири корҳои хориҷӣ таъин карда шуданд.                 Сарвазири нави Ҷопон ҳафтаи оянда дар ҷараёни маҷлиси навбатии Маҷмаи кулли СММ бо президенти ИМА Барак Обама мулоқот хоҳад кард. Бояд гуфт, ки Ю.Хатояма мухлиси ашаддӣ ва яке аз ихлосмандони президенти ИМА мебошад. 

Сентябрь 18, 2009 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд