САРВАЗИРИ НАВИ ҶОПОН ТАЪИН ШУД
Токио, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Вести.ру). – Палатаи поёнии парлумонии Ҷопон дирӯз номзадии роҳбари Ҳизби демократии мамлакат Юкио Хатоямаро ба мансаби сарвазир тасдиқ намуд. Хабар дода мешавад, ки 16 сентябр ҳукумати либералию демократии Ҷопон пурра истеъфо дод. Ю.Хатояма баъди маҷлиси парлумон изҳор намуд, ки интихоби ӯ ба ин вазифаи пурмасъулият ғайричашмдошт буд, бо вуҷуди ин кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, ки мамлакатро аз вартаи бӯҳрон наҷот медиҳад. Сарвазири собиқи Ҷопон Таро Асо изҳори таассуф намуд, ки ҳадафҳои пешбиникардаи худро амалӣ карда натавонист. Хатояма 16 сентябр ҳайати нави ҳукуматро ташкил намуда, баъдан бо шоҳи Ҷопон Акихито мулоқот кард. Сарвазири нав ният дорад, ки мамлакатро аз вартаи бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ наҷот дода, ҳамкориро бо ИМА ва мамлакатҳои Осиё вусъат бахшида, теъдоди мансабдорони идораҳои ҳукуматиро кам карда, идораи мамлакатро самарабахштар гардонад. Хабар дода мешавад, ки 16 сентябр Хирохиса Футзии 77 – сола вазири молия ва Катсу Окадаи 56 – сола вазири корҳои хориҷӣ таъин карда шуданд. Сарвазири нави Ҷопон ҳафтаи оянда дар ҷараёни маҷлиси навбатии Маҷмаи кулли СММ бо президенти ИМА Барак Обама мулоқот хоҳад кард. Бояд гуфт, ки Ю.Хатояма мухлиси ашаддӣ ва яке аз ихлосмандони президенти ИМА мебошад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






