СЕМИНАРИ МУФИД БАРОИ ЧОРВОДОРОН

Сентябрь 30, 2009 11:18

                 Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ, бо ташаббуси вазорати мазкур, Пажӯҳишгоҳи чорводории Академияи илмҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷиргатол семинари ҷумҳуриявӣ оид ба «Рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Тоҷикистон» доир гардид. Дар семинар муовини вазири кишоварзӣ Сиҷовиддин Исроилов дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2008 — 2015» баромад ва суханронӣ намуд. Ба гуфти С. Исроилов, аини замон дар ҷумҳурӣ 22 ҳазору 126 сар қутос парвариш карда мешавад. Тибқи дурнамо, то соли 2015 саршумори қутос дар ҷумҳурӣ ба 65 ҳазор сар расонида мешавад.                Дар кори семинар ҳамчунин андешаҳои директори хоҷагии давлатии қутоспарварии «Қизилсу» -и ноҳияи Ҷиргатол М, Сангаков, , роҳбари хоҷагии зотпарварии «Булункул» — и ноҳияи Мурғоб Э. Жолукиев ва сарвари хоҷагии зотпарварии «Россия» — и ноҳияи Айнии вилояти Суғд А. Сангинов шунида шуд.                 Баъди семинар мутахассисон аз фермаҳои қутоспарварии ноҳия дидан карда, нуқтаи назари худро доир ба масъалаи рушди соҳа ба чорводорон иброз намуданд. Дар ноҳияи Ҷиргатол айни замон 415 сар қутос парвариш меёбад. Қутоспарварони ноҳия ният доранд то соли 2015 саршумори қутосро ба 1000 сар расонанд.

Сентябрь 30, 2009 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд