ШАҲРАМОНРО БОЗ ҲАМ ЗЕБОТАР МЕГАРДОНЕМ

Сентябрь 8, 2009 16:49

                Суғд, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ, М. Амонов). — Сохтмончиёни ноҳияи Зафаробод ба истиқболи 18-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сохтмони бештар аз 15 иншооти ҷашниро ба анҷом расониданд.                Бо роҳбарии раиси ноҳияи мазкур Қурбонбой Каримов иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти шаҳрдорӣ, меъморӣ ва сохтмон» мавриди баррасӣ қарор дода соли 2009 соли ободонӣ эълон намудаанд. Дар ин бобат аз тарафи соҳибкорон Икром Комилов дар маркази ноҳия бинои ду ошёнаи «Маркази савдо» қомат афрохт, ки бештар аз 20 нафар одамон ҷои корӣ пайдо намуданд. Бо ташаббуси соҳибкор Абдусамад Нурматов дар шаҳраки Ҳайдар Алиев сохтмони нуқтаи маркази фурӯши сӯзишворӣ ва тӯйхона ба анҷом расонид. Инчунин аз тарафи соҳибкорон Мавҷуда Мираминова сохтмони фаввора, Шодӣ Мавлонов сохтмони бозори «Бадахшон», Шаҳло Кенҷаева бинои маркази савдо ва «Маркази хизматрасонии тиббӣ», Амриддин Раҳимов бинои «Маркази хизматрасонии техникӣ» дар шаҳраки Меҳнатобод қомат рост карда ҳусни ноҳияро дучанд афзуданд.               Бояд қайд намуд, ки дар 8 моҳи соли равон 420 ҷои кории нав ташкил карда шуд, 120 хонаҳои истиқоматӣ аз тарафи шаҳрвандон сохта шуда истодааст. Инчунин бо дастгирии раиси вилоят сохтмони мактаби рақами 7, ки дар деҳаи Кипчоқ воқеъ аст, аз ҳисоби шӯъбаи сохтмони вилоят буда, кори сохтмонии он моҳи сентябри соли ҷорӣ оғоз гардид.               Сохтмончиёни ноҳияи мазкур нақшаи 8 моҳаи худро 1,3% зиёд иҷро намуданд.  

Сентябрь 8, 2009 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад