ШАҲРАМОНРО БОЗ ҲАМ ЗЕБОТАР МЕГАРДОНЕМ
Суғд, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ, М. Амонов). — Сохтмончиёни ноҳияи Зафаробод ба истиқболи 18-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сохтмони бештар аз 15 иншооти ҷашниро ба анҷом расониданд. Бо роҳбарии раиси ноҳияи мазкур Қурбонбой Каримов иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти шаҳрдорӣ, меъморӣ ва сохтмон» мавриди баррасӣ қарор дода соли 2009 соли ободонӣ эълон намудаанд. Дар ин бобат аз тарафи соҳибкорон Икром Комилов дар маркази ноҳия бинои ду ошёнаи «Маркази савдо» қомат афрохт, ки бештар аз 20 нафар одамон ҷои корӣ пайдо намуданд. Бо ташаббуси соҳибкор Абдусамад Нурматов дар шаҳраки Ҳайдар Алиев сохтмони нуқтаи маркази фурӯши сӯзишворӣ ва тӯйхона ба анҷом расонид. Инчунин аз тарафи соҳибкорон Мавҷуда Мираминова сохтмони фаввора, Шодӣ Мавлонов сохтмони бозори «Бадахшон», Шаҳло Кенҷаева бинои маркази савдо ва «Маркази хизматрасонии тиббӣ», Амриддин Раҳимов бинои «Маркази хизматрасонии техникӣ» дар шаҳраки Меҳнатобод қомат рост карда ҳусни ноҳияро дучанд афзуданд. Бояд қайд намуд, ки дар 8 моҳи соли равон 420 ҷои кории нав ташкил карда шуд, 120 хонаҳои истиқоматӣ аз тарафи шаҳрвандон сохта шуда истодааст. Инчунин бо дастгирии раиси вилоят сохтмони мактаби рақами 7, ки дар деҳаи Кипчоқ воқеъ аст, аз ҳисоби шӯъбаи сохтмони вилоят буда, кори сохтмонии он моҳи сентябри соли ҷорӣ оғоз гардид. Сохтмончиёни ноҳияи мазкур нақшаи 8 моҳаи худро 1,3% зиёд иҷро намуданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






