ШАҲРИТУС БА ҚОНУНШИКАНИИ ЗАМИН РОҲ НАМЕДИҲАД

Сентябрь 1, 2009 16:22

                 Шаҳритус, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар ноҳияи Шаҳритус дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ аз тарафи нозирони кумитаи заминсозӣ 132 ҳолати ғайриқонунӣ ишғол намудани замин ба қайд гирифта шуда, 46 адад дастур оиди 141 гектар тартиб дода шудааст, гуфт раиси кумитаи заминсозии ноҳия Абдуқаҳор Қувватов ва афзуд, ки аз қонунвайронкунандагон ба маблағи 25765 ҷарима ситонида шуда, маблағи 21040 сомонӣ ба буҷаи ноҳия ворид карда шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ дар ин давра аз 132 ҳолати ошкор гардида, 75 ҳолати он дар майдони 243 гектар баррасӣ гардидааст. Гуфта мешавад, ки дар ноҳия қонуншикании замин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам гардида, ҳолатҳои ҷойдошта сари вақт аз тарафи кормандони кумитаи заминсозӣ пешгирӣ мегардад.

Сентябрь 1, 2009 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд