ШАРТҲОИ БУДУ БОШИ КОТИБОТИ СААД ДАР РУСИЯ ТАҒЙИР ДОДА ШУДАНД

Сентябрь 24, 2009 10:46

                Маскав, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Дар Маскав муншии умумии СААД Николай Бордюжа ва муовини аввали вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Денисов дар бораи ворид сохтани тағйирот ба созишномаи Котиботи СААД ва ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи шартҳои буду боши Котиботи СААД дар қаламрави Федератсияи Русия аз 19 декабри соли 2003 протокол имзо карданд.                  Мувофиқи он, Котиботи СААД акнун метавонад дар баробари мақомоти федералии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия фаъолияти худро ба роҳ монда, барои ин биноҳоро ишғол намояд.                  Н.Бордюжа зикр намуд, ки имзои протокол шаҳодат медиҳад, ки Русия ба фаъолияти созмонҳои байналхалқии баъди барҳам хӯрдани ИҶШС ташкилёфта, аз ҷумла, СААД, ИДМ ва Ҷомеаи иқтисодии Евразия таваҷҷӯҳи калон зоҳир менамояд.                 Дар маросими имзои протокол сафирони давлатҳои аъзои СААД иштирок доштанд. 

Сентябрь 24, 2009 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад